БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ – таблиғгари бунёдкорӣ васозандагӣ дар кишвар

ТЕМУРМАЛИК. Бо мақсади тақвият бахшидани робитаи ҲХДТ бо маҳал бобати  баргузории вохӯрию мулоқот дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия дар деҳаи Иттифоқи ҷамоати деҳоти ба номи Бобоюнуси ноҳияи Темурмалик вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ҳайати раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Темурмалик   Раҷабзода Маҳмадсаид бо сокинон баргузор гардид. 

Зимни баргузории  хониши сиёсӣ Маҳмадсаид  Раҷабзода дар  мавзӯъи   самтҳои    афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин дар масъалаи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд дар маҳал,  Соли тақвияти робита бо маҳал, сафарбар кардани ҷавонони синни даъватӣ ба хизмати Ватан-Модар дар мавсими тирамоҳӣ,  рушди ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ  дар хона ва фаро гирифтани шаҳрвандони бекор, алалхусус ҷавонон ба  касбу ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ намуд.

Инчунин, дар идома мавсуф доир ба  роҳандозии  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  ҳарф зада,  аз ҷамъомадагон баҳри дар амал татбиқ намудани Аксияи ҳизбӣ даъват ба амал овард.

Доир ба суханронии раиси  Кумитаи иҷроия  ҲХДТ дар ноҳияи  Темурмалик   Раҷабзода Маҳмадсаид  вакили ҷамоат Алимуродов Қойбағар ва Кенҷаев Шамсидин  вобаста ба ин хониши сиёсӣ  андешаҳои худро баён карданд.

Сипас, бо иштирок ва фарогирии зиёда аз 100 нафар ҳунармандону кишоварзони  моҳири маҳалла намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсули дастони кишоварзон ташкил  карда  шуд. Зимни  намоиш   аҳли    сокинони деҳаи  Иттифоқ дастовардҳои ҳунарии худ ва маҳсулоти кишоварзиро ба маърази тамошо гузоштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg