БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Анҷоми корҳои неку созанда ба манфиати ҷомеа

Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират» бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Зимнан, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ қайд кард, ки боиси хушбахтии миллати тоҷик аст, ки дар давраи соҳибистиқлолии кишвар чандин қонунҳои миллӣ ба тавсиб расиданд. Аз аз ҷумла тайи 10 соли охир Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул ва роҳандозӣ гардида, ба дуруст сафарбар кардани амалҳои хайру сахо мусоидат намуд ва мардум, аллакай ба дарки он расиданд, ки саховатмандӣ ва анҷоми корҳои неку созанда ба манфиати ҷомеа мебошад.

Илова бар ин, мақсад аз қабули қонуни мазкур баланд бардоштани некӯаҳволии халқ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷотҳои зиёдатӣ арзёбӣ карданд.

Бояд қайд кард, ки дар қонун мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд анъана, маросим ва ҷашн ҳамаи инҳо таҷлили рӯйдодҳое ҳастанд, ки дар зиндагӣ мо ба онҳо вомехӯрем. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамаи инро ба танзим медарорад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg