БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Шӯълаи дурахшони дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳеҷ гоҳ хомӯш нахоҳанд гашт

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Молия” (шаҳрӣ ва минтақавӣ) бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ мулоқот доир гардид.

Нахуст, дар мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Валиева Саъбагул ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Молия” Одинаев Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимнан, Саъбагул Валиева баромад карда, изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба ҳама душвориҳои дохилии оғози соҳибистиклолиаш нигоҳ накарда, дар соҳаи сиёсати хориҷӣ фаъолона ва бо вусъати бештар амал менамояд, ки ин ба афзудани нуфузу эътибори байналхалқии он мусоидат мекунад. Таҳкими равобит ва хамкорӣ бо мамлакатҳои Осиёи Марказӣ барои ҷумҳурии мо аҳамияти муҳим дорад. Аз ин лиҳоз, барои мо тоҷикон робитаҳои дӯстона бо Ӯзбекистон ҳам тақозои таърихӣ ва ҳам ба манфиатҳои мардумӣ ҳарду кишвар нигаронида шудааст.

Инчунин, Одинаев Раҳмон зимни суханронии хеш гуфт, ки машъали дурахшони дӯстӣ, ки мутафаккирони бузурги кишварҳои мо Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ фурӯзон карда буданд, ҳеҷ гоҳ хомӯш нахоҳанд гашт. Баъд аз ташрифи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, мулоқоти дӯстонааш бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва имзои санадҳои бисёри ҳамкорӣ шодию хурсандии ду миллати бо ҳамдигар дӯсти қаринбударо зиёд намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg