БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон ва пешгирии онҳо аз гуруҳҳои террористиву экстремистӣ вазифаи аҳли ҷомеа

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳифзи муҳити зисти вилоят” тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохури баргузор гардида, дар он Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Асадуллозода Ватан иштирок намуданд.

Дар ин вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал ба сухан баромада, оид самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар мавриди хатари терроризму экстремизм бо мақсади пешгирӣ аз ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ ”, фикру ақидаи худро иброз дошт.

Сипас, дар идома Асадуллозода В оид ба ҳифзи муҳити зист баромад намуда қайд кард, ки дар ибораи Замин -Модар ҳастии инсон ғунҷидааст. Вале ба ивази ҳама ин неъматҳо фақат дӯст доштани Ватан кофӣ нест. Ба ҳар намояндаи олами набототу ҳайвонот иқлиму ҷои сукунат маъқул аст, дар акси ҳол тарки манзил мекунанд, вале дар ҳастии пуртазоди заминӣ инсон мақоми хоса дорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg