БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар руҳияи баланди ватандӯстиву меҳанпарварӣ тарбия намудани насли наврасу ҷавон вазифаи мо волидайн аст

БАЛҶУВОН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон дар деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоеви ноҳияи Балҷувон бо сокинони деҳа вохӯрӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, баргузории чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, тадбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”, пешгирии шомилшавии ҷавонон  ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву тундгаро, дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатиии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.

Дар суҳбат аз ҷониби мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Ғуломов Асомуддин  зикр карда шуд, ки имрӯзҳо мо дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳонӣ, густариш ва пайдо гардидани зуҳуроти асри нав- терроризму экстремизм қарор дорем, аз ин рӯ мо бояд кӯшиш кунем, ки насли наврасу ҷавонро, ки оянда давлату миллат дар дасти онҳост, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, гиромидошти арзишҳои миллӣ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва сатҳи донишу малакаи сиёсиву фарҳагии онҳоро баланд бардошта, заминаи мусоид дар муҳити хонадону муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа фароҳам оварем.

Ҳамчунин дар рафти вохӯрӣ аз тарафи сокинони деҳа ба корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия саволҳо пешниҳод  гардид, ки  масъулин ҷавобҳои мушаххаси хешро пайдо намуданд.

Дар охир  масъулин қайд карданд, ки баҳри ободиву созандагии диёри хеш ва дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашнҳои дарпешистода ҳар яки мову шумо бояд кӯшишу талоши хешро ба кор бурда, саҳми арзандаи худро дар раванди бунёдкориву созандагӣ гузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg