БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Хизмат ба Ватан вазифаи фарзандии мост!

А.ҶОМӢ. Дар ташкилоти ибтидоии «Сумбула»-и деҳаи Сумбулаи ҷамоати деҳоти 50-солагии Тоҷикистони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар асоси ҷадвали тасдиқгардидаи баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту  муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳия дар нимаи дуюми соли 2018 бо мақсади татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Ҳадаф аз баргузории вохӯрии мазкур амалӣ намудани Аксияи ҳизбӣ бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, шахсони хайрхоҳу саховатманд дар саҳм гузоштанд дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ, гирифтани дасти муҳтоҷону бепарасторон, беморону маъюбон, оилаҳои ниёзманди ҷомеа ва ятимон мебошад.

Дар рафти суханронӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Ашӯров Сунатулло атрофи аз байн бурдани таасуби динӣ ва хурофотпарастӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хавфу хатари терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирии он, пешгирии бегонапарастиву майл ба фарҳанги бегона, муқовимат бо коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа андешаронӣ намуд.

Инчунин, мавсуф  дар  идома  дар бораи  сафарбар кардани ҷавонони синни даъватӣ ба сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки адои хизмати Ватан -Модар барои ҳар як ҷавони бонангу номуси қарзӣ фарзандӣ мебошад, суханронӣ намуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg