Ҷ.БАЛХӢ. Дар маҳаллаи Қизил-байрақи ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизби “Истиқлол” тибқи ҷадвали баргузории мулоқот бо сокинони маҳал бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мулоқот баргузор гардид.
Дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдулҳаев Маҳмадсаид ва дигар шахсони даъватӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар мулоқот самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», тарғиби либоси миллӣ ва тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, ба дарки ҷомеа расонидани моҳияти озмунҳои ҳизбӣ ва татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя хал мекунем!» баррасӣ карда шуданд. Дар охир бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар маҳала намоиши ҳунарҳои дастии сокинони деҳа дар сатҳи баланд ташкил карда шуда, дар он анвои гуногуни нониву ширинҳо, таомҳои миллӣ, чакандӯзӣ, гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, попурӣ, заргарӣ, табақтарошӣ, оҳангарӣ, ва дигар намуди ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуданд, ки аз намоишгоҳ масъулин дидан карда, ҳунармандони беҳтаринро барои иштирок дар озмунҳои ҳизбӣ, ки ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида душааст, даъват карданд.