ФАРХОР. Зери ҳамин мавзӯъ вохӯрии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо сокинони деҳаи Маданияти ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон баргузор гардид.
Сокинони ин деҳа асосан бародарони ӯзбек буда, ба кори кишоварзӣ ва чорводорӣ машғуланд. Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Раҳмонов Далер дар бораи сиёсати хирадмандонаи Сарварони ду давлати ҳамҷавор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев оид ба аз нав эҳё кардани муносибатҳои дӯстонаи ин ду миллати ҳазорсолаҳо якҷоязиста сухан ронд.
Сокинони деҳа аз иқдоми ду роҳбари бузург изҳори сипосу минатдорӣ намуда, намунаи ҳунарҳои дастӣ ва маҳсулоти кишоварзиро барои намоиш пешниҳод намуданд.