БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарғибот ҷиҳати огоҳонидани ҷомеа аз паёмадҳои хатаровари фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ

КӮЛОБ. Вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Омор» бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар ин вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин ва роҳбари ташкилоти ибтидоии  ҳизбии «Омор» Сафаров Манучеҳр иштирок ва суханронӣ карданд.

Оид ба масъалаи паёмадҳои хатаровари фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фирӯзи Саидмӯъмин баромад намуда, қайд кард, ки бо вуҷуди ҳамин гуна таҷрибаҳои талхе, ки мардуми тоҷик дар солҳои аввали истиқлолият аз сар гузаронид, ҳанӯз бадхоҳоне ҳастанд, ки сӯистифода аз дину мазҳаб мардумро бар зидди давлату миллат  шӯронида, бо ин мақсад мехоҳанд сенарияи солҳои навадум такрор шавад. Аммо миллати тоҷик дубора ин фиребро намехӯрад, зеро мардуми сарбаланд ва заҳматкаши тоҷик аз гузаштаи вазнини хеш таҷрибаи зиёде дорад.

Дар фарҷом таъкид шуд, ки моро зарур аст то тамоми нерӯи худро барои ҳимояи амният, Ваҳдати миллӣ, Истиклолияти давлатӣ, арзишҳои миллӣ ва сулҳу суботи мамлакат ровона созем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg