БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Масъулияти ҳифзи дастовардҳои давлату миллат бар души фарзандони баномуси Ватан аст

Ш.ШОҲИН. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ташкилоти ибтидоии «Барқчиён» хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ доир гардид.

Вохӯриро  муовини раис- мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Асақолов Алиҷон кушода, доир ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, сарфаю сариштакорона истифода бурдани нерӯи барқ, пардохти саривақтии маблағи он ба хотири расидан ба  истиқлолияти комили энергетикӣ  суханронӣ намуд.

Инчунин, мавсуф  дар идомаи суҳбат оид ба  иқдоми  созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар бораи  эълон гардидани соли 2018  ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  андешаронӣ карда, иброз дошт, ки  Тоҷикистон ба маҷрои нави созандагиву ободонию пешрафти комил дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, хосса дар соҳаи сайёҳӣ ворид шуд ва ин ташаббуси неку созандаи Пешвои миллат барои ободиву осудагии рӯзгори мардум ва пешрафту шукуфоии  Ватани маҳбубамон -Тоҷикистони азиз мебошад.

Аз ин лиҳоз ҳар як фарди бедордилу  ватандӯстро лозим аст ҷавобан ба ғамхориҳои дурандешонаи  Раиси муаззами  ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон камари  ҳиммат баста, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро бо эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, анъанаҳои неки ниёгон, ки аз гузаштаҳо ба мо ба мерос мондаанд,  бо дастовардҳои  назаррас ҷамъбаст намоянд.

Дар охир  дар бораи  даъвати мавсимии  тирамоҳии ҷавонон ба сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бештари ҷамъомадагонро  волидайн ташкил медод ҳарф зада,  аз онҳо баҳри сафарбар кардани фарзандон, ҷавонон барои  адои  қарзи фарзандӣ,  ки давлату миллат  ояндаи  Тоҷикистонро ба дасти онҳо супоридаанд, даъват  намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg