БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мақсади асосии ТТЭ ҲНИ мардуми осударо дубора ба гирдоби ғаму кулфат кашанд аст

А.ҶОМӢ. Дар ташкилоти ибтидоии «Боқӣ Раҳимзода»-и деҳаи Боқӣ Раҳимзодаи ҷамоати деҳоти Иттифоқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Ашӯров Суннатулло, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроия Самадзода Саёҳат  бо сокинони деҳаи номбурда  бо мақсади дар амал татбиқ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ масъулин оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар мавриди хатари терроризму экстремизм бо мақсади пешгирӣ аз ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ ва аз байн бурдани таасуби динӣ ва хурофотпарастӣ бо ҳадафи солим нигоҳ доштани маънавиёти ҷомеа,  иқрори  Аёмиддин Сатторов бо номи «Бозгашт аз ҷаҳаннам» ва амалҳои ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ки бо ҳадафу мақсадҳои нопоки худ мехоҳанд, фазои тинҷу ороми моро ноором созанду  кишвари соҳибистиқлоламонро дубора ба гирдоби  ғаму кулфат кашанд, андешаронӣ карда, аз ҷамъомадагон ҷиҳати дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» тарбияи кардани  насли наврасу ҷавонро  даъват намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg