БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарҳои мардумӣ худ василаи таррануми таъриху фарҳанг ва анъанаҳои неки миллати тоҷик ба ҳисоб мераванд

ҶАЙҲУН. Дар асоси нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар маҳаллаи ба номи Абурайҳон  Берунии ҷаомати шаҳраки Дӯстии ноҳия чорабинии таблиғотӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ростои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Фарҳод Обидзода бо сокинони маҳал доир гардид.

Дар чорабинӣ тамоми ҳунарҳои мардумии дастранҷи ҳунармандони маҳалла ба намоиш гузошта шуд, ки таърихи пурғановати миллати тамаддунофари тоҷикро муаррифӣ менамуд.

Зимни баргузории чорабинии мазкур Фарҳод Обидзода  қайд намуд, ки ҷиҳати сазовор ҷамъбаст намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳунармандони маҳалларо зарур аст, истеҳсоли либосҳои миллии мардуми тоҷикро дар хона бо сифати аъло тарҳрезӣ ва омода намуда, дар рушди ҳунарҳои мардумӣ нақши созгор гузоранд. Чунки мавҷудият ва эҳёи дубораи ҳунарҳои мардумӣ худ василаи таррануми таъриху фарҳанг ва анъанаҳои неки мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад.

Маҳз ҳамин буд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ки Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамоянд, шурӯъ аз 1 январи соли 2018 саҳмдорони рушди ҳунарҳои мардумӣ аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шаванд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg