ҚУБОДИЁН. Дар деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзови ноҳияи Қубодиён тибқи нақша-чорабинии тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия чорабинии сиёсӣ- фарҳангӣ доир гардид.
Дар чорабинии мазкур мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ваҳобиддин Абдуллоев оид ба масъалаҳои марбути ташвишовар ва вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ичунин оид ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сухан кард.
Мавсуф дар идома оид ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ва дар ин ҷода беҳбудӣ бахшидан ба сатҳи некӯаҳволии мардум дар сатҳи маҳал, имкониятҳои дастрасии аҳолӣ ба таълим, пешгирии ақди никоҳи хешутаборӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ибрози андеша намуда, даъват бар он намуд, ки барои расидан ба ҳадафҳои неки Сарвари давлат ҳар яки фарди ҷомеа саҳмгузор бошад.
Дар ин чорабинӣ ҳунарҳои мадумии деҳаи машҳури Чорбоғ, аз қабили қуроқдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, гилему намадбофӣ ва маҳсулоти кишоварзии консервакунонидашуда ба намоиш гузошта шуданд, ки ҳамагон аз ин намоишгоҳ дидан карда, ба худ ғизои маънавӣ гирифтанд.