
ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар деҳаи Яккатути ҷамоати деҳоти Корез хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар хониши сиёсӣ раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар ҷамоати деҳоти Корез Идиев Ҳокималӣ иштирок намуда, доир ба мавзӯъҳои созандагиву ободкорӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ- амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротии дар кишвар мамнуъ, иқрори Аёмиддин Сатторов бо номи “Бозгашт аз ҷаҳаннам”, таъмини амнияти озуқаворӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ намуд.
Инчунин дар ин раванд мавсуф дар бораи Соли тақвияти робита бо маҳал ва озмунҳои ҳизбӣ бо номҳои “Беҳтарин доиркунандаи чорабиниҳо дар сатҳи маҳал”, Беҳтарин муаррификунандаи мавзеъҳои сайёҳӣ”, “Армуғони хатлонӣ” , “Беҳтарин намоиши ҳунарҳои мардумӣ” ва “Тарроҳи беҳтарин”, ки дар он ҳунармандони чирадасту хушсалиқа иштирок доштанд, ҳарф зада онҳоро барои иштирок дар озмунҳои ҳизбӣ бо омодагиҳои ҳамаҷониба даъват намуд.