
А.ҶОМӢ. Бо иштироки корманд масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроия Самадзода Саёҳат ва дигар шахсони даъватӣ дар ташкилоти ибтидоии «РАДСИН»-и назди Раёсати агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳия хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб доир гардид.
Ҳадаф аз баргузории хониши сиёӣ фаъол гардонидани аҳолӣ дар самти пешгирӣ аз бегонапарастию майл ба фарҳанги бегона бо мақсади ҳифзи ҳуввияту асолати миллӣ ва ба мардум фаҳмонидани моҳияти қонунҳои миллӣ ва дар ин замина дуруст сафарбар кардани корҳои хайру сахо ба хотири рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа, ҷалби ҷавонони синни даъватӣ ба сафҳои Артиши миллӣ ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ дар мавсими тирамоҳӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сирояткунанда, рушди касбу ҳунарҳои мардумӣ ба хотири паст кардани сатҳи бекорӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, огоҳонидани онҳо аз хавфу хатарҳои ҳизбу ташкилотҳои дар кишвар мамнуъ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз буд.
Дар охир Самадзода Саёҳат оид ба роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ва моҳияти озмунҳои ҳизбиро ба иштирокдорон фаҳмонид.