БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Падари духтари Кабирӣ кист?! Ё худ Кабирии босмачӣ дар САҲА расво шуд ва боварии хоҷагони аврупоияшро ҳам аз даст дод!

ВОКУШИН. Чанд муддат аст, ки роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ худро ба оғуши САҲА партофта, бо ҳар ҳиллаву найранг дар пайи амалҳои шум аст. Аммо тавре равандҳои имрӯза нишон дод, САҲА ба ӯ бо чашми таҳайюру нобоварӣ нигоҳ мекунад. Махсусан, баъд аз оне, ки Кабирӣ худу ҳаммаслаконашро босмачӣ эълон кард, даҳшатҳои ба сари мардуми тоҷик овардаи манғитҳо дубора дар хотираҳо бедор гашт. Ҷаҳолати аморату саллаву риши чиркини Қорӣ ишкамба пеши назар ҷилвагар шуд.

Бо босмачӣ эълон кардани худ Кабирӣ як сател оби хунук ба сари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар демократияпарастони фиребхурда рехт. Имрӯз ба маънои маҷозӣ аврупоиҳо ҳатто ба тифлаки дар батни сиёсатдоштаи Кабирӣ бо чашми нобоварӣ нигоҳ мекунанд, зеро Кабирӣ гоҳе зери пойи эрониҳо буду гоҳи дигар аз турку арабҳо ва ҳам аврупоиҳо.

Ба хотири дур кардани ҳар гуна шубҳаҳо аз афкори хоҷагонаш Кабирӣ худро аз ташхиси тиббӣ ҳам гузаронидааст, ки дар батн духтар доштааст. Бо маслиҳати Шерзамонову Гадоеву Ёқубов ба хулосае омадаанд, ки номи тифлакро Паймона хоҳанд гузошт. Момодояҳои таҷрибадидаи Кабирӣ зуд ин пайғомро ба САҲА расонидаанд. САҲА аз таваллуди ояндаи духтар хурсанд шудааст, аммо аз номи интихобкарда – Паймона, на он қадар ҳам хушнуд. Рӯйрост ба момодояҳои Кабирӣ гуфтаанд, ки Кабирӣ паймоншикан аст ва интизор меравад, ки он тифлро ҳам бар ивази чанд дуллору евро ба фурӯш гузорад. Яъне он рӯз дур нест, ки Кабирӣ духтарашро ҳамчун фоҳиша барои ба даст овардани  пул истифода мебарад, зеро мақсади асосиаш ҳам ҳамин аст. Агар чунин намебуд, пас чаро ӯ паймони сулҳу оштиро дар Тоҷикистон шикаст ва чаро ба мардум ва Ватани худ хиёнат намуд?! САҲА зуд анҷумани худро доир карда, дар рӯзномаи ҳамоиш масъалаи обистании Кабирӣ ва Паймонаи оянда ба дунё меомадаи ӯро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд. Аксар рӯ турш карданд ва санги маломат сӯи САҲА партоб намуданд, ки чаро маъшуқаи яклаҳзаинаи худ Кабириро ҳомиладор карданду аз ӯ Паймонаро интизоранд? Аммо САҲА бо ишорат ба ҷамъомадагони ҳамоиш фаҳмонид, ки ин ҳама муваққат аст ва Кабирӣ, ки дар ин корҳо таҷриба дорад, хоҳу нохоҳ баъд аз ба дунё овардани Паймонааш дасти дигаре хоҳад гирифт. Охир чунин хусусияти хиёнаткорӣ бо шир ба ҷони Кабирӣ омадаву танҳо бо ҷон аз тани ӯ берун хоҳад гашт.

Кабириву момодояҳояш хуб дарк кардаанд, ки САҲА ҳатман домани нопоки онҳоро аз худ раҳо хоҳад кард, аз ин рӯ ба чор тараф лангар партофта, ба худ домоди муносибу мушфиқу ғамхор ҷустуҷӯ доранд, то оянда Паймону паймонаҳо аз хоҷагони ҳар минтақаашон ба дунё оранд.

Дар баъзе сомонаҳои ифротии наҳзатӣ мақолаи иғвобарангезонае таҳти унвони «Филмҳо, таҳдидҳо ва тазоҳурот. Тоҷикистон чӣ гуна ба нишасти САҲА дар Варшава омода мешавад?» интишор ёфтааст, ки дар он.

Муаллифи мақола бо муболиға менависад, ки «нишасти Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Варшава дар ҳоли ҳозир ягона майдон барои муборизаи рӯёрӯии Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифонаш боқӣ мемонад».

Аммо чунин нест, зеро фаъолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи САҲА ҳамчун аъзои ин ташкилот фарогири масъалаҳои хеле муҳим ва васеътар аз он аст, ки наҳзатиҳо мепиндоранд. Ғайр аз ин бояд таъкид кард, ки ба ҳеҷ ваҷҳ наҳзатиёни нопок арзиши онро надоранд, ки аз онҳо мухолиф ном бурда шавад. Ташкилоти террористиро аз мухолифи сиёсӣ фарқ кардан зарур аст.

Имрӯз созмонҳои бонуфузе ба мисли Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ТТЭ ҲНИ-ро террористию ифротӣ меҳисобанд. Дар конфронси гузаштаи САҲА, ки дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон доир гардида буд, ҳайати Ҳукумати Тоҷикистон ҷаласаи мазкурро маҳз барои он тарк карда буд, ки дар толор роҳбарону масъулони фирории ТТЭ ҲНИ ҳузур доштанд. Ин амали ҳайати давлати Тоҷикистон як эътирозе буд, ба сиёсати духураи масъулони САҲА, ки тудаи террористонро имконияти дар конфронси ин созмони бонуфуз ширкат варзидану баромад карданро додаанд.

Имрӯз наҳзатиҳо воқеияти Тоҷикистонро ё дуруст намедонанд ва ё донистан намехоҳанд, ки тамоми мардум аз онҳо безоранд ва дигар намехоҳанд, ки наҳзатиён дубора баргарданду ҷангу хунрезӣ оранд. Барои ҳамин Гулчеҳра Шодмонова, ки фарзандашро наҳзатиҳо фиреб дода, аз ӯ террорист сохтаанд, эътироз мекунад ва таҳдид дорад, ки агар пуштибонии Кабирӣ аз ҷониби САҲА хотима наёбад, худро оташ мезанад. Зеро вай фаҳмидааст, ки писараш Ҳусейн маҳз бо супориши Муҳиддин Кабирӣ гумроҳ шуда амалиёти террористӣ анҷом додааст. Ин зани тоҷик ба хотири шустани гуноҳи писараш тасмим гирифтааст, ки то замоне зинда аст, муқобили Кабирии нопок мубориза барад.

Ҳамин тавр Кабирӣ дар фазои виртуалию афкори умум худро наҳзатии сиёсатмадор вонамуд мекарду дар доираи ҳаммаслакону пайравонаш аз худ дастпарвари ягонаи ба қавле «устод»-ашонро метарошид, ки ҳатто баъди аз Тоҷикистон фирор намуданаш ҳам раҳгумзадаҳои ин ҷамъияти фиребо ӯро раҳбари худ дониста, бовараш карданд. Фарзияи ғолиб атрофи ивазнашаванда донистани «картаи айёр» аз хулқи зоҳирпарастии ҷонибдоронаш маншаъ мегирифт, ки бо васвасаи хоҷагону пирони найрангбози ин ташкилоти террористӣ – экстремистӣ ба чеҳраи хунхори ҳизби бо ном наҳзати исломӣ кисвати зебо пӯшонида буданд. Албатта, ба маънои гуфтори: «Мор мор аст, агар кисвати зебо дорад», ки бозгӯи сурату сирати роҳбари ТТЭ ҲНИ аст, нафароне сарфаҳм мераванд, ки зери таъсири ин доираҳои афсуншуда намондаанд.

 

Илмия Фаррухӣ, шаҳри Кӯлоб, рӯзноманигор

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg