
ЛЕВАКАНТ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Литсейи касбӣ саноатии кимиёвии шаҳр чорабинии фарҳангӣ сиёсӣ таҳти унвони Истиқлолият ва ҷавонон бо иштироки аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан“ дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Пеш аз оғози чорабинӣ омӯзгорону донишҷӯён, аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ҳунарҳои пазандагӣ, дӯзандагӣ, қуроқдӯзӣ, чакандӯзӣ, бофандагӣ, дуредгарӣ, оҳангарӣ бо дастони худ тайёрнамудаашонро ба маърази тамошо гузоштанд. Дар чорабинии мазкур кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант иштирок ва суханрони намуданд.
Сухани ифтитоҳиро роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и Литсейи касбӣ саноатии кимиёвӣ Расулов Меҳроҷиддин оғоз карда доир ба ин неъмати бузурги давлату миллат дар тӯли 27 соли соҳибистиқлолии кишвар андешаронӣ карда, иброз намуд, ки Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро нерӯи созандаву бунёдкор гуфта, ба мо ҷавонон эътимоди қавӣ доранд.
Сипас, аъзои намояндагии ТҶҶ ”Созандагони Ватан” бо шеръхонӣ ва рақсу сурудҳои дар васфи ҷашни бузурги миллати тоҷик тайёрнамудаашон таъби ҳозиринро болида намуда, аз тарафи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ба иштирокчиёни фаъол Сипосномаи ҳизбӣ тақдим карда шуд.