
КУШОНИЁН. Вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён Абдуллоев Мирвоҳид ва Неъматуллоева Сабоҳат бо мардуми деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Навбаҳор сурат гирифт.
Дар вохӯрӣ ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, маҳсули дасти барзгарони хоҷагиҳои деҳқонӣ намоиш дода шуда, атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин ҳодисаи нанговари дар ҳудуди ноҳияи Данғара ба амаломада суханронӣ карда шуд. Таъкид карданд, ки дар байни сокинон, махсусан ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотиро дар сатҳи баланд ба роҳ монанд. Ин падидаҳои номатлуб яке аз омилҳои хавфнок ва мушкилоти глобалии ҷомеа ба ҳисоб рафта, танҳо муборизаи дастаҷамъона бар зидди терроризму экстремизм метавонад барои решакан ва аз байн бурдани онҳо заминаи самарабахшу умда гузорад-қайд доштанд масъулин.
Сокинони деҳаи Ваҳдат аз баргузории чунин чорабинӣ изҳори минатдорӣ карда, барои ободӣ, шукуфоӣ ва пешрафти Ватани азизизамон- Тоҷикистон саъю талош хоҳанд кард.
Дар интиҳои чорабинӣ ба мардум маводҳои таблиғотии ҳизбӣ дастрас карда шуданд.