БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” сокинонро муттаҳид намуд

БАЛҶУВОН. Дар деҳаҳои Обшорон ва Арараки ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоеви ноҳияи Балҷувон бо иштироки  кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон бо сокинони деҳа атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”  вохӯрӣ баргузор гардид.

Қайд кардан зарур аст, ки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Ғуломов Асомуддин  баҳри бунёдкориву созандагӣ, эҳёгардонии ҳунарҳои мардумӣ дар деҳот, тарбияи ҷавонон дар ниҳоди ватандӯстиву ватанпарварӣ ва пешгирии шомилшавии онҳо аз ҳизбу ҳаракатҳои дар кишвар мамнуъ баромад намуд.

Сокинони деҳаҳои Обшорон ва Анабойи ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоев тасмим гирифтанд, ки дар якҷоягӣ аз маблағҳои пасандози хеш бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар партави Аксияи ҳизбӣ  пул барои пайваст гардидани ду деҳаи мазкурро сохта мавриди истифода қарор диҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg