БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мададгори вилоят” тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар он кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар ҳаёати раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал иштирок намуданд.
Сараввал Наҷидуллоев Тавакал ҳадафи ҷамъомадро ба иштирокдорон фаҳмонида, атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ба дарки ҷомеа расонидани моҳияти хизмат дар сафи Артиши миллӣ ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ ва омилӣ асосии нигоҳ доштани сулҳу субот, амнияти кишвар ҳарф зада, қайд намд, ки ҳар як миллат бояд давлати худро мустақилона ҳифз намояд то наслҳои ояндаи он аз дастовардҳои иқтисодӣ-фарҳангии пешина баҳраманд гарданд.
Доштани артиши қавӣ, замонавӣ ва касбӣ яке аз омилҳои асосии расидан ба ин мақсад мебошад, ки дар навбати худ онро на бо ҷорӣ намудани хизмати ҳарбии ҳатмӣ барои шаҳрвандон-мардҳо, балки бо таъмин намудани шароити хуби хизмати ҳарбиён, гузаронидани озмоишҳои сифатнок бо аслиҳаҳои замонавӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва зиёд намудани имтиёзҳо, эътибори касбии ҳарбиён дар ҷамъият ташкил кардан осонтар ва хубтар аст.
Баъдан кормандони масъули Кумитаи иҷроия ҷамъомадагонро аз амалҳои террористиву экстремистии ҷаҳони муосир бори дигар огоҳ карда, иброз доштанд, ки корҳои тарғиботиву ташвиқотиро бештар дар байни ҷавонон ба роҳ монда, нагузорем, ки нохалафе бо ғаразҳои нопоки худ фарзандони моро, алалхусус ҷавонон, ки қишри осебпазири ҷомеа мебошанд, мағзшӯӣ намуда, ба доми фиребу найрангҳои худ кашанд.