ФАРХОР. Вохӯрии навбатии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар асоси нақшаи тасдиқгардида вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «Нури замин» доир гардид.
Дар мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Назаров Алиҷон дар назди ҳозирин баромад намуда, ёдовар шуд, ки мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки Истиқлолият на танҳо ифтихор кардан аз соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ аст, балки заҳмат кашидан ба хотири таҳкими ин дастоварди беназири таърихӣ ва пешрафти имрӯзу фардои Ватани маҳбубамон мебошад.
Инчунин, мавсуф оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, мубориза бар зидди коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа, пешгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, аз даст надодани ҳушёрии сиёсӣ, андешидани тадбирҳои судманд ҷиҳати пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифтихор доштан аз Ватани озоду обод ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ суханронӣ намуда, иштирокдоронро даъват кард.