БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарҳои мардумӣ эҳё ва муаррифӣ мегарданд!

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар деҳаи Корези ҷамоати деҳоти Корез намоиши ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримов Пирмуҳаммад иштирок намуда, атрофи эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси марказҳои хурди ҳунаромӯзӣ барои сокинони маҳал ба ҳамин восита таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳбудӣ бахшидан ба шароити иқтисодӣ ва вазъи иҷтимоии оилаҳо, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ ва риояи қонунҳои миллӣ суханронӣ намуданд.

Инчунин, дар ин раванд моҳияти озмунҳои ҳизбӣ ва Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”-ро ба дарки ҷомеа расонида, иштирокдорони чорабиниро барои бо дастовардҳои баланд ва муаррифии  анъанаҳои неки ниёгон ҷамъбаст намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ давъат карданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg