БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон бо як ҳисси баланд ҳунарҳои мардумиро аз нав эҳё менамоянд

ВОСЕЪ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар маҳаллаи дурдасти  Дарнайчии ҷамоати деҳоти  ба номи Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ оид ба самтҳои афзалятноки фаъоляи ҲХДТ ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Гулрухсор Мирзоева, вакили маҳалла Раҷабов Саймурод ва Ҳамидов Қурбоналӣ, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия доир карда шуд.

Дар рафти чорабинӣ масъулин вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ суханронӣ  намуда, зикр карданд, ки Пешвои миллат соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллӣ эълон намуданд. Барои он, ки инъикоси анъанаҳои миллӣ дар офаридани осори ҳунарҳои мардумӣ ба инкишофи ҳисси худшиносӣ, ватандориву ифтихори миллӣ, инчунин такмили маҳорат мусоидат менамояд.

Ҳунарҳои дастӣ дар инсон завқи бадеиро ташаккул дода, таҳаммулу тозакориро тарбия менамояд ва дунёи ботинии шахсро ғанӣ мегардонад. Дар замони мо ҳунарҳое, ки замоне фаромӯш шуда буданд, эҳё гардида, арзиши маҳсулоти дастӣ нисбат ба молҳои оммавӣ меафзояд.

Вакили деҳа иброз намуд, ки минбаъд ин иқдоми пешгирифтаи Пешвои миллатро дастгирӣ намуда, ҳама сарҷамъона ҳунарҳои ниёгони хешро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg