БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бонки миллӣ” тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Ҳакимова Волида иштирок дошта, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, аз ҷумла муайян кардани вазифаҳои шаҳрвандон дар самти мубориза бар зидди коррупсия андешаронӣ карда, қайд намуд, ки ин бонги изтиробу ташвиш ҳар яки моро водор месозад, ки коррупсияро ҳамчун падидаи номатлуб шиносем ва хатари онро ба амнияту Истиқлолияти давлатӣ бештар дарк намуда, ҷиҳати муборизаи беамон ба муқобили он якдилу якмаром бошем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қайд намуданд, ки “Фаромӯш набояд кард, ки мубориза ба муқобили коррупсия танҳо кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетарф набошад” вазифаҳои сохторҳои ҳизбиро дар самти сафарбар намудани қувваи халқ ба корҳои созандагию бунёдкорӣ равона намудан ташкил медиҳад.