БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Артиши миллӣ-мактаби ҷасорату мардонагӣ

Н.ХУСРАВ. Мутобиқи    ҷадвали  тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав    дар  маҳаллаи  Арабхона 2-и  ҷамоати  деҳоти  Истиқлол  бо мақсади амалигардонии нишондиҳандаҳои Соли тақвият бахшидан бо маҳал бо сокинон, аъзо ва ҷонибдорони  ҲХДТ   вохӯрӣ баргузор гардид. 

Вохӯриро  мудири  шуъбаи таблиғот,  иттилоот  ва  матбуоти  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳия  Муродов  Раҳмон  кушода зикр  намуд, ки  имрӯзҳо дар  гӯшаҳои  мухталифи  дунё, дар  кишварҳои  гуногуни  олам  воқеаҳо  ва  таҳаввулоте  дар  ҷараён аст, ки ба  раванди  таракқиёти  ҷомеа , аз  ҷумла  барои кишвари  мо  низ  бевосита  таъсир  мерасонад.

Бинобар  ин ҳар  узви  ҷомеа ва бахусус , аъзо  ва  фаъолони  ҳизбро зарур  аст, ки ин  тағйироту  дигаргуниҳоро мантиқӣ  арзёби  карда, баҳои  воқеӣ  диҳанд.

Дар  маҷмӯъ оид  ба  масъалаҳои   пешгирии  шомилшавии  ҷавонон  ба ҳизбу  ҳаракатҳои  мамнуъ,  амалу кирдорҳои   номатлуби аъзои ТЭТ ҲНИ  ва   гурӯҳхои   ҷиноятпешаи хоинони  давлату  миллат дар  хориҷи  кишвар  фаъолиятдошта, истифодаи  дурусти фазои  иттилоотӣ, сари  вақт  вокуниш намудан  ба  хабару мақолаҳои  иғовоангез,  ҳарчи   бештар  огоҳ  намудани   мардум аз  ҳодисаҳои  нанговари  вақтҳои  охир  рухдода ва  пешгирии  минбаъдаи  содиршавии  чунин  кирдорҳо  тайёр  намудани  ҷавонон  барои  хизмат  дар  сафи  Артиш фаҳмонида  дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg