БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сарсабзиву шукуфоии Ватан дар дасти мост

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизова Сабоҳат атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардуми, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Азизова Сабоҳат дар баробари тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии ҳизб, нисбати сиёсати пешгирифтаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нуктаҳои асосии  аз Паёми навбатии Пешвои миллат бароянда, дар бораи амалҳои террористиву экстремистии ТТЭ ҲНИ дар Варшаваи Лаҳистон ҳарф зада, бори дигар  ҷамъомадагонро аз хавфу хатарҳои  ҷаҳони муосир, аз ҷумла  амалҳои  муғризонаи   ташкилотҳои террористиву экстремистӣ огоҳ намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg