ХОВАЛИНГ. Дар деҳаи Кӯлдараи ҷамоати деҳоти ба номи Лоҳутӣ дар асоси ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ ва суҳбатҳо дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба самтҳои афзалиятноки фаълияти ҲХДТ вохӯрӣ гузаронида шуд.
Ҷамъомадро бо сухани ифтитоҳӣ мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҷалолиддин Қаюмов кушода, аҳли нишастро ба муҳтавои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ – бандҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ташкилотҳои террористӣ, истифодаи мақсаднок аз технологияи муосир, арҷ гузоштан ба урфу одат ва фарҳанги миллӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, моҳияти хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО/СПИД ба таври муфассал шинос намуд. Ӯ ҳозиринро барои талаботҳои самтҳои мазкур, ки ба мақсади пойдор нигоҳ доштани пояҳои давлатдории миллӣ, сулҳу субот, боз ҳам беҳтар гардидани сатҳ ва сифати зисту зиндагии мардум нигаронида шудааст, ҳидоят намуд.
Сипас, дар назди назди интихобкунандагонаш вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии № 24 Ҳабибулло Ҳикматуллоев дар мавзӯъи “Мубориза ба терроризму ифротгароӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯст мебошад” баромад намуд. Мавсуф дар баромадаш ҳозиринро аз хатарҳои афзояндаи терроризму экстремизм, ки торафт доман паҳн менамояд, Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сабаб ва оқибтҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои навадуми асри гузашта дар кишвар, амалҳои хоинонаи саркардагони ТТЭ ҲНИ нисбати давлату миллати тоҷик, қатли сайёҳони хориҷӣ бо дастури душмани миллат М.Кабирӣ, баромади Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони шаҳри Хорӯғ бо овардани мисолҳо шинос намуда, онҳоро барои ҳифз намудани тинҷию оромии мардум аз таҳдидҳои террористон ба муборизаи дастаҷамъона бо он даъват намуд.
Сокинони деҳа ба ифтихори Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намоиши ҳунарӣ ташкил намуданд, ки хеле диданӣ буд.
Дар аксияи ҳизбии гузаронидашуда сокинони деҳа ба ифтихори 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҳамдастӣ барои ободонии манзили зист ва деҳа корҳои муайяни созандагӣ ва бунёдкориро ба зимма гирифтанд.