НОРАК. Дар доираи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ дар ташкилотҳои ибтидоии “Иқбол”,-и кӯчаи Братский “Гулоб”-и кӯчаи Свердловский, “Файзбор”-и кӯчаи ба номи Т.Қурбони шаҳри Норак бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Қумриниссо Гулмуродзода чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ занону бонувон ҳунарҳои дастии хешро ба маърази тамошо гузошта, аз ҷониби иштирокдорон бо хушнудӣ пазируфта шуданд.
Зимнан Қумриниссо Глмуродзода оид ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ва корҳои хонагӣ, сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли тақвияти робита бо маҳал андешаронӣ намуд.
Дар ин раванд мавсуф аз иқрори аъзои ТТЭ ҲНИ Аёмиддин Сатторов ва дар бораи амалҳои террористиву экстремистӣ дар Варшаваи Лаҳистон саҳнасозишуда ёдовар шуда, зикр намуд, ки мо шаҳрвандонро зарур аст ҳушёрии сиёсро аз даст надода, марзу буми кишварро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем.