БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Рушди ҳунарҳои мардумӣ дар маҳал

ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар маҳаллаи  Заркамари ноҳия бо гурӯҳи таблиғотӣ дар бораи мақом ва манзалати занон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии мамлакат, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҷалби духтарон ба таҳсил ва пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон дар оила вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Дар рафти вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллоев Ваҳобиддин қайд намуд, ки бо эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ҳунарҳои мардумӣ   барои занону духтарон шароит фароҳам оварда шуда, занону духтарони мо метавонанд бо омӯзиш ва рушд додани ҳунар шароити иқтисодии худ ва атрофиёнашонро бо ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ беҳбудӣ бахшанд.

Инчунин, ба иштирокчиён фаҳмонида дода шуд, ки барои давом додани таҳсили духтарон дар муассисаҳои олии кишвар мусоидат намуда, дар омӯзиши касбу ҳунар барои фарзандони худ шароит фароҳам оварданд.

Дар рафти чорабинии мазкур ҳунарҳои мадумии деҳаи Заркамари ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён, аз қабили қуроқдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, бофандагӣ, гилему намадбофӣ ба намоиш гузошта шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg