БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фаҳмонидани ҳадафҳои асосии ҲХДТ миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа

А.ҶОМӢ. Дар хониши сиёсие, ки аз ҷониби кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ташкилоти ибтидоии «Вахш»-и деҳаи Вахши ҷамоати деҳоти Иттифоқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ баргузор гардида, дар он  масъалаи татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» баррасӣ гардид.

Зимнан мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ашӯров Сунатулло, мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот Ҳабибуллоев Аҳмадшоҳ дар назди ҷамъомадагон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал, озмунҳои ҳизбӣ таҳти унвонҳои «Беҳтарин доиркунандаи чорабиниҳо дар сатҳи маҳал, «Беҳтарин муаррификунандаи мавзеъҳои сайёҳӣ», «Беҳтарин намоиши ҳунарҳои мардумӣ» ва роҳандозии  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ  таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  андешаронӣ карданд.

Иштирокдорон моҳияти Аксияи номбурдаро  хуб дарк намуда, иброз доштанд, ки  мо ҷонибдори ҳадафҳои созандаи ҲХДТ буда, барои ободии маҳали зист ва боз ҳам пешрафта гардидани  Ватани азизамон -Тоҷикистон маҳбуб софдилона  схизмат менамоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg