БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарманд ҳар ҷо бувад сарбаланд!

ДӮСТӢ.  Аз тарафи масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ бахшида ба эълон гардидани Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ дар деҳаи Сомонии ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳия намоиши ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Армуғони Хатлонӣ» ташкил ва баргузор карда шуд. Рафти чорабинии мазкур, ки дар он сокинони деҳа анъанаҳои аҷдодии миллии туркмении худро аз қабили қуроқдузиву зардӯзӣ ва дигар анъанаҳое, ки хоси мардуми туркментабор аст ба маърази намоиш гузошта буданд.

И.в. раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Қурбонов Абдулҳафиз ва кормандони масъули Кумитаи иҷроия аз намоишгоҳ дидан намуданд. Ҳамчунин дар чорабинии мазкур вакили деҳаи номбурда Хушмадов Холмаҳмад иштирок намуд.

Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи Сомонӣ Абдураҳмонов Абдуғаффор аз ин иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ намуда, қайд карданд, ки баргузории чунин чорабиниҳои боиси баланд гардидани малакаву маҳорати занону духтарони деҳот гардида, бо ҳамин восита метавонем рӯзгори худро ғанӣ гардонем. Бояд тазакур дод, ки маҳз аз ҳамин ҷиҳат ноҳияи мо ноҳияи Дӯстӣ номгузорӣ гардидааст, зеро дар ин ҷо дӯстии мардуми тоҷику туркмен, ӯзбек ва дигар миллатҳо  ҳамеша зери тараннуми ҳунар ҳувайдост.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg