
ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар деҳаи Рахшонзамини ҷамоати деҳоти Корез намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ташкил карда шуд.
Дар чорабнии мазкур ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили чодардӯзӣ, давридӯзӣ, қуроқдӯзӣ, гулдӯзӣ, чакандӯзӣ, атласбофӣ, тоқидӯзӣ, хӯрокҳои миллӣ намоиш дода шудаанд.
Ҳамзамон дар чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримов Примуҳаммад доир ба моҳияти ташкили чунин чорабинҳо дар маҳал ва дар ҳамин замина эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, созандагиву ободкорӣ, риояи қонунҳои миллӣ, касбу ҳунаромӯзии ҷавонону наврасон, таъмини амнияти озуқаворӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ суханронӣ намуд.