
ВОСЕЪ. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ташкилоти ибтидоии «Боғчаи №1»-и ноҳия бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ хониши сиёсӣ доир гардид.
Масъулин атрофи дастуру супоришҳои дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷгардида, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва эҳтироми қонунҳои амалкунанда андешаронӣ намуданд.
Дар идомаи суҳбат Гулрухсор Мирзоева дар назди ҷамъомадагон оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ибрози ақида намуда, қайд кард, ки ҳар як фарди ҷомеаро зарур аст дар таълиму тарбияи фарзандон масъулияти ҷиддӣ зоҳир намояд ва аз болои онҳо назорати махсус баранд.