БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷавонон муаррифгари тамаддуну фарҳанги ниёгонамон

ВАХШ. Тибқи нақшаи корӣ  ва ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯриҳо бо иштироки кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии «Рудакӣ»-и  ҷамоати деҳоти Рудакӣ  бо сокинони маҳалла доир ба самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҲХДТ  дар мавзӯъи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  чорабинӣ доир карда шуд. 

Сараввал мутахассиси шуъбаи   таблиғот, итилоот ва матбуоти    Кумитаи иҷроияи ҲХДТ   дар ноҳияи   Вахш Негматов Азизулло оид ба эълон гардидани  соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  андешаронӣ намуда,    барои боз ҳам рушд додани ҳунарҳои мардумӣ,  корҳои созандагиву бунёдкорӣ,  тарбияи дурусти фарзандон   ба роҳи ватандӯстиву  худогоҳии  миллӣ  ва риояи  талаботи қонунҳои  амалкунанда ҷамъомадагонро раҳнамоӣ кард. 

Дар рафти чорабинӣ   мудири шуъбаи  ташкилӣ ва ба баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Вахш Ҷалилов  Исмоил  иброз дошт,  ки  бо эҳёи ҳунарҳои  мардумӣ  миллати тоҷик хусусан мо ҷавонон метавонем,  тамаддуну  фарҳанги  миллиамонро дар арсаи ҷаҳони  муаррифӣ  намоем.  Пас аз сухарониҳои судманд  масъулин  аз намоиши  ҳунарҳои  мардумӣ,  ки ҳунармандони  завқманди маҳалла  ба намоиш  гузошта  буданд, дидан намуда, ба ҳунару маҳорати  волои ҳунармандони  чирадасту  хушсалиқа  баҳои  баланд доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg