
БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Комбинати Хӯрокворӣ”-и шаҳри Бохтар тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯри баргузор гардида, дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Ализода Одил ва Фаррух Исоев иштирок намуданд.
Зимнан Ализода Одил дар назди иштирокдорон оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати маҳсулот баромад намуда қайд кард, ки инсон ҳамчун ғизо маҳсулотҳои гуногунро истифода мебарад. Масалан маҳсулотҳои растанӣ, ҳайвонот ва моддаҳои минералиро: монанди гӯшт, моҳӣ, шир, мева, сабзавот, нон, намаки ошӣ ва ғайра. Ин маҳсулотҳо дар таркиби худ моддаҳои ғизогии гуногун доранд.
Дар охири вохӯрӣ масъулин ба самъи иштирокдорон расониданд, ки хушбахтона бо таваҷҷуҳи домии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳаи муҳим сифат ва рақобатпазирии маҳсулот дар шаҳрамон баланд гардида истодааст, ки ин аз меҳнати аҳсона ва софдилонаи ҳар яки мо вобастагии мустақим дорад.