БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Вакилони мардумӣ дастуру супоришҳои Пешвои миллатро ба дарки ҷомеа расониданд

БАЛҶУВОН.  Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки  вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаии интихоботии “Восеъ № 39” Сафаров Зайниддин ва раиси Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва саломатии аҳолӣ Ғаффоров Абдуалим бо фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ ва эмомхатибон оид ба баррасии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо интихобкунандагон вохӯрӣ баргузор гардид.  

Зимнан вохӯриро муовини якуми раиси ноҳияи Балҷувон Н.Шарофиддинзода оғоз бахшида, меҳмононро ба ҳозирин шинос намуд ва қайд кард, ки тибқи қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 3-сентябри соли 2018, №1886 барои гузаронидани вохӯрӣ бо интихобкунандагон дар ҳавзаи интихоботӣ  вакилони болозикр сафарбар карда шудаанд.

Баъдан вакилон дар назди ҷамъомадагон оид ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қонун ва қарорҳои қабулшуда, дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар самти рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, баланд бардоштани маоши вазифавии хизматчиёни давлатӣ , ҳарбӣ, тандурустӣ, фарҳанг, маориф, стипендия  ва нафақа, баланд бардоштани сатҳу сифати  хизматрасонии  тиббӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ суханронӣ намуданд.

Ҳамчунин зикр карданд, ки дар ин самт  зарур аст, ки худи ҷавонон ташаббускори амалҳои созанда бошанд, дастовардҳои илмию эҷодии худро сари вақт  муаррифӣ созанд, ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, зиракии сиёсиро аз даст надода , дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат омода бошанд, таъриху фарҳанги миллатро  гиромӣ доранд ва барои ободиву пешрафти минбаъдаи  Ватани маҳбубамон саъю талош намуда, саҳми арзандаи худро дар ҷомеа  гузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg