БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Миллати тоҷик миллати соҳибмаърифат ва дорои тамаддуни оламгир аст

Ҷ.БАЛХӢ. Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Қизил-юлдуз ҷамоати деҳоти Маданият дар ташкилоти ибтидоии ҳизби «Ситора» бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Сулаймонова Лола чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ баргузор гардид.

Зимни мулоқот бо сокинон Сулаймонова Лола иброз намуд, ки миллати тоҷик миллати соҳибмаърифат ва дорои тамаддуни оламгир аст ва месазад, мову шумо арзишҳои миллӣ, меъроси фарҳангӣ, таърихи куҳанбунёд, илму адабиёт ва ҳунари волои онро ба хотири расидан ба қадри Истиқлолият, худшиносӣ ва давлату давлатдории навин пайваста омӯзему талқин намоем.

Ҳамзамон, қайд намуд, ки Истиқлолият–ин шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати бардавоми ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волост.

Истиқлолият-ин хонаи обод, рӯйи сурх, сари баланд, зиндагии осоишта ва рӯзгори осудаҳолонаи ҳар фарди соҳибдавлату соҳибватан аст. Бинобар ин ҳар яки моро зарур аст, ки ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасем ва пайваста дар пайи ривоҷу равнақ ва пешравии Ватани азиз саҳми арзандаи худро гузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg