БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Иттиҳод рамзи ягонагӣ ва пирӯзии миллат аст

Ҷ.БАЛХӢ.  Дар асоси ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маданият» вохӯрии навбатии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдулҳаев Маҳмадсаид баргузор гардид.

Нахуст, Абдулҳаев Маҳмадсаид оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар масъалаҳои расонидани кӯмакҳои моддӣ ба оилаҳои ниёзманд, маъюбон ва бепарасторон, ҷиҳати иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» андешаронӣ кард.

Инчунин мавсуф  дар идомаи суҳбат атрофи озмунҳои ҳизбӣ ва  татбиқи  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  ҳарф зада, ҷамъомадагонро барои роҳандозии Аксияи  ҳизбӣ  даъват намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg