БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ифротгароӣ ва терроризм – зуҳуроти номатлуби замони муосир

АНДЕША. Солҳои охир яке аз мушкилиҳое, ки тамоми ҷомеаи муосирро фаро гирифтааст, ин экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарзо мебошад. Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд.

Қурбони терроризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили шахсони ифратгаро ва гурӯҳҳои террористиро биёмӯзанд ва барои рафъи он кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.

Ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мегардад.

         Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ чунин аст: «Ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмонӣ, бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад».

          Ифротгароии динӣ аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъолиятӣ бо дин рӯйпӯшкардашудае аст, ки бо зӯран ғасб намудани ҳокимият, халалдор кардани истиқлолият ва якпорчагии давлат ва бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона карда шудааст, ки дар асл дини мубини Ислом инро намехоҳад.

Боиси шукр ва хушнудист, ки Худованди бузург марому максади ҳизби наҳзатро ба мо тоҷикон нишон дод. Ин ҳизб худ як ҳизби террористӣ буда, бисёр фарзандони бо нанагу номуси миллатро бо роҳи террористи аз байн бурданд. Аз 26 октябри соли 1991 Анҷумани муассисони ҳизб ба таври расми баргузор шуд ва солҳои 1991-1993 ҳизби мазкур ошкоро амал намуда, фаъолияти террористи мебурд.

Хуллас, мақсади асосии ин ҳизб фақат иғвогароӣ, ифротгарӣ ва нотинҷӣ дар кишвар, тафрикаандози байни мардум ва ғайра мебошад. Бояд таъкид намоем, ки мутобиқи моддаи 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», ки фаъолияти онҳо ба терроризм, зуроварӣ, тағйир додани сохти конститутсиони равона гардидааст ё маҳалгарои ва диниро ташвиқ менамоянд, манъ аст.

29 сентябри соли 2015 аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ гардонида шуда, ҲНИ-ро ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ эътироф намуда, ба фаъолияташ дар тамоми кишвари мо барҳам дода шуд. То имрӯз рӯҳониёни исломии асил ҲНИ-ро қабул надоранд ва эътироф ҳам намекунанд.

Мо сокинон сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пайрави намуда барои боз ҳам сарсабз гардонидани Тоҷикистони азиз кӯшиш мекунем.

         Атоуллоева Зебуниссо, корманди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg