БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳимояи манфиатҳои давлату миллат вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад!

ВОКУНИШ. Имрӯз тамоми дарвозаҳои кишварҳои олам ва ҷомеаи ҷаҳониро хатарҳои экстримистиву терористӣ бо таҳдид мекубад. Агар ба саҳифаҳои таърихи давлати ҷавонамон назар андозем, мусалам аст, ки Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри кишварро аз вартаи ҳалокат наҷот додан ҷони ҷавони  худро дареғ надошта, баҳри расидан ба орзӯҳои мардуми шарифи Тоҷикистон чи қадар ҷонбозиҳо ва ташаббусҳои беназиру корнамоиҳои оқилона намудааст.

Рамзист, ки таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти кишвари азизамонро бо тамоми шукӯҳу шаҳомати хоса дар якҷоягӣ ҷашн гирифтем. Шукрона, ки мардуми Тоҷикистони мо Истиқлолият ба даст омад, Ваҳдати Миллӣ танинадоз гардид, соҳиби муқаддасоти Миллӣ гардидем, Парчами баландтарини ҷаҳон дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе ҷилва намуд.

Воқеан Пешвои миллат таърихи куҳани тоҷикро аз чангу ғубор пок сохта, миллатро дар тамоми саёра а машҳур гардонид.

Пешвои Миллат аз замони Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданашон то ҷашни 27-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 маротиба аз Минбари баланди Созмони Миллали Муттаҳид баҳри рушди давлати тоҷикон суханрони намуд ва боиси ҷонибдорӣ ва дастгрии тамоми намояндагони кишварҳои олам гардид.

Имрӯз мо худ шоҳиди ин дастовардҳои беназир гардида истодаем вале мутаасифона Тоҷикистони азиз боз ҳам зарурият ба ватандӯстони асил ва фидоиёни миллат дорад. На ба он нафароне, ки ба ном ватандӯст ҳастанду дар вазифаҳои гуногун кору фаъолият менамоянд. Мисраҳои ӯстод Абулқосим Лоҳутӣ лозим ба ёдоварист!

 

Ватан вайрона аз ёр аст, ё ағёр ё ҳар дӯ

Мусибат аз мусулмонҳост ё куфор ё ҳар дӯ

Ҳама доди ватанхоҳи зананд аммо намедонам

Ватанхоҳӣ ба гуфтор аст, ё кирдор, ё ҳар дӯ

    

Имрӯзҳо яке аз сабабҳои пайдоиши иғвоандозӣ дар байни мардум, гумроҳ сохтани ҷавонон, берун сохтани маданияту фарҳанги ахлоқи шаҳрвандон ва баракс ҷой додани фарҳанги бегона дар тафаккури онҳо воситаҳои шаббакаҳои интернетӣ мебошад, ки мутаасифона ҷавонон фарҳанги дурусти истифодабарии онро як сӯ гузошта, тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ ба амалҳои бе маънӣ аз қабили тамошо ва баҳогузории навору муссавараҳо, қиссаву ривоятҳои бофтаи ҳурофиён, тақсим ва фиристонидани паёмакҳое, ки гуё савоби бузурги Исломро дошата бошад, машғул мегарданд, ки кори хатост. Қаблан маъзарат меҳоҳам бисёр ҷавонон бо бародарону ақрабои худ дустӣ надоранд, аммо вақте, ки шиносои бо сомонаи Фейсбук, Одноклассники он мегардӣ мебинед, ки аз 300 то 500 дуст «друзя» доранд. Барои баъзе ҷавонони бефарҳанг бисёр будани дустон дар сомонаи онҳо ин як анъана гардидааст. Рафту аз байни теъдоди дустони 500 нафараи он яке дар паёмакҳои худ суҳани ноҷо гуяд, ҳамин тариқ он аз ҳамон лаҳза душманӣ дар байнашон авҷ мегирад то ба дараҷаи муноқишаҳои гурӯҳи онҳоро бурда мерасонад. Магар ҳаминаст дӯстӣ?

Чандин бузургону донишмандон дар даврони қадим зери азобу шиканҷа қарор доштанд.  Вале ғуруру рисолати худро аз даст надоданд. Мутаасифона бархе аз хоинони миллат ба мисли Муҳиддин Кабирӣ, Додоҷон Атоуллоев, Шафқат Гадоев, Назарзода Ҳалим ва чандин бадхоҳони кишвар аз доштани Рӯдакии бузургу, Хайёму Фирдавсӣ, Саъдиву Ҷомӣ, Синову Берунӣ, Хоразмиву Камоламон фаромуш сохтаанду боз миллату давлати Тоҷикистонро бадном кардан мехоҳанд.

Ҷавонони азиз! Хамеша сухани Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз ёд набароред. Дӯст бошед. Тифоқ бошед. Шукронаи ҳамин давлат кунед, Шукрона кунед, ки чунин ватани азизу маҳбуб дорем!

Абубакр Ҷалолов, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg