БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Истиқлолият муқаддастарин неъмат, рамзи саодат, асолати миллат, ва бақои давлат аст

А.ҶОМӢ.Тибқи ҷадвали гузаронидани вохӯриҳои вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабов Сафаралӣ бо интихобкунандагони ҳудуди ҳавзаи интихоботии «Ҷомӣ-28» дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо ҷалби вакилон, роҳбарони корхонаву муассисаҳо ва фаъолони ҷамоат вохӯрӣ баргузор гардид.

Вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабова Лутфия дар вохӯрӣ иштирок намуда, вобаста ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ маълумот дода, ҳамчунон мавсуф ибрози ақида намуда, ки дар воқеъ Паёми  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷомеа ва дар алоҳидагӣ баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарварӣ, ифтихори миллӣ, садоқат ба Ватан, садоқат ба Президент, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ миёни сокинони маҳаллӣ, алалхусус миёни занону ҷавонон буда, дар ин замина онҳоро  барои иҷрои дастуру супоришҳои  Пешвои   миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон , Раиси муаззами  ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   ибрози ақида намуданд.

Сипас, Раҷабов Сафаралӣ иброз доштанд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  миллати фарҳангсолори тоҷик дар соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву ҳуқуқӣ ба дастовардҳои бузург ноил гардид. Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат буда, он ҳуввияти миллии мардуми тоҷикро ба зинаи комилан нав бардошт ва барои тақвияту густариш пайдо кардани ваҳдати тамоми сокинони Тоҷикистон заминаи пойдор фароҳам овард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg