БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Чорабинҳо дар доираи соли робитаи ҳизбиён бо маҳал

Ш.ШОҲИН. Вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Нишораки ҷамоати деҳоти Лангардара  атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ , Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва татбиқи аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ татҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» доир гардид.

Вохӯриро Назарзода Толибҷон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи

Ш.Шоҳин кушода, доир ба самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал, эълон гардидани соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», ки масъалаҳои номбурда дар барномаи меҳварии ҲХДТ қарор доранд,   суханронӣ  намуда,  ҷамъомадагон, аз  ҷумла  фаъолону шахсони хайрхоҳу саховатманди деҳаро барои дар амал татбиқ намудани Аксияи ҳизбӣ даъват кард.

Баъдан  вакили деҳаи  Нишорак Орифов Абдураззоқ доир ба хавфу хатар ва амалҳои муғризонаи  гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва филми «Бозгашт аз ҷаҳаннам»-ро мавриди баррасӣ қарор дода, зикр намуд, ки ҳифзи марзу буми Ватан вазифаи мо соҳибватанон мебошад.

Аз ин лиҳоз ҳар яки моро зарур аст, ки фазои тинҷу ороми кишвари Тоҷикистони номдору соҳибистиқлоламонро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем, нагузорем нохалафе бо ғаразу ниятҳои нопоки  худ  зиндагии осудаи моро  ноором созад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg