
А.ҶОМӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Ашуров Сунатулло, Ҷамолиддини Маҳмадшариф ва Қурбонов Абдурашид дар ташкилоти ибтидоии «Ганҷина»-и деҳаи Ганҷинаи ҷамоати деҳоти Иттифоқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо мақсади татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» вохӯрӣ гузарониданд.
Дар рафти вохӯрӣ масъулин ба сокинони деҳаи мазкур оид ба якҷоя ҳал кардани мушкилоте, ки дар маҳали зист ҷой доранд, дар якҷоягӣ бо фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, соҳибкорони муваффақу шахсони хайрхоҳу ватандӯст саҳм гузоштан дар сохтмони иншоотҳои хизматрасонӣ, сартарошхона, таъмири роҳу пулҳо, аёдати собиқадорону пирони барҷомонда, дасти кӯмак дароз намудан ба шахсони муҳтоҷу ятимон, маъюбону бепарасторон, ки ин ҳама дар Аксияи номбурда дарҷ карда шудаанд, фаҳмонида, ҷамъомадагонро барои дар амал татбиқ намудани ҳадафхои созандаи ҲХДТ, барои боз ҳам ободу зебо гаштани як гӯшаи диёр раҳнамоӣ намуданд.