БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарбияи дурусти фарзандон вазифаи мо волидайн аст

ШАҲРИТУЗ. Бо мақсади амалигардонии ҷадвали вохӯриву суҳбатҳо дар ташкилоту муассисаҳо ва деҳаҳо дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи  №1» ноҳияи Шаҳритуз хониши сиёсӣ дар мавзӯъи баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, пешгирии воридшавии шаҳрвандон ба ташкилотҳои  экстремистию террористӣ   бо иштироки  мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Абдуллоева Шоира  вохӯрӣ баргузор гашт.

Ҳамзамон, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз Носирзода Абдукарим дар мавзӯъи дастовардҳои замони истиқлолият, нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  суханронӣ намуд.

Инчунин, мавсуф дар идомаи суҳбат моҳияти “Бозгашт аз ҷаҳаннам”-ро ба дарки ҷомеа расонида, иброз дошт, ки  мо волидайнро зарур аст фарзандонро, алалхусус ҷавононро  дар роҳи ватандӯстиву  худогоҳии миллӣ тарбия намуда, нагузорем, ки  онҳо ба доми  ҳизбу гурӯҳҳои манфиатҷӯй афтанд ва  ба номи миллати тоҷик иснод биёранд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg