
А.ҶОМӢ. Мутобиқи дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизб ва ҷадвали тасдиқгардида оид ба баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар нимаи дуюми соли 2018 дар ташкилоти ибтидоии «Бонкчиён»-и назди Амонатбонки ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб гузаронида шуд.
Дар вохӯрии мазкур мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Самадзода Саёҳат ба шунавандагон оид ба ташаккули фарҳанги техникии мардум ба хотири истифодаи дуруст аз технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо мақсади пешгирӣ аз хатарҳои марбут ба истифодаи нодурусти онҳо, муайян кардани вазифаҳои шаҳрвандон дар самти мубориза бар зидди коррупсия бо роҳи ташаккули мафкураи зиддикоррупсионӣ маълумоти муфассал дод.