Н.ХУСРАВ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардида дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дурахшон” хониши сиёсӣ дар мавзӯъи интизоми ҳизбӣ, бо мақсади тақвият бахшидан ва риояи муқаррароти қонунҳо, оқибатҳои ногувори қонуншиканӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.
Дар баргузории хониши сиёсӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав Муродов Раҳмон иштирок намуда, дар маҷмуъ оид ба масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, амалу кирдорҳои номатлуби аъзои ТЭТ ҲНИ ва гурӯҳхои ҷиноятпешаи хоинони давлату миллат дар хориҷи кишвар фаъолиятдошта, истифодаи дурусти фазои иттилоотӣ, сари вақт вокуниш намудан ба хабару мақолаҳои иғвоангез, ҳарчи бештар огоҳ намудани мардум аз ҳодисаҳои нанговари вақтҳои охир рухдода ва пешгирии содиршавии чунин кирдорҳо фаҳмонида дода шуд.