БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Пешниҳоди ҳизбиён аз ҷониби сокинон дастгирӣ ёфт

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Саидзода Раҳмон дар деҳаи ба номи Ф. Ғаниев бо сокинон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  вохӯрии судманд баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Саидзода Раҳмон дар баробари тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон, озмунҳои ҳизбӣ таҳти унвонҳои «Беҳтарин муаррификунандаи мавзеъҳои сайёҳӣ», «Беҳтарин намоиши ҳунарҳои мардумӣ», «Армуғони хатлонӣ», ҳифзи  дастовардҳои бузурги Истиқлолияти давлатӣ ибрози андеша намуд.

Ҳамзамон, масъулин дар бораи  роҳандозии Аксияи ҳизбӣ ҳарф зада,  аз иштирокдорони вохӯрӣ даъват ба амал овард, ки  он маблағҳое, ки  барои ҷашну маросимҳои  хурсандиву азодорӣ харҷ мекунанд, беҳтар мешуд дар таъмири роҳҳои маҳали зист, сохтмони  бинои сартарошхона, мағоза, бунгоҳи тиббӣ, ки барои сокинон зарур мебошад, сарф намоянд. Сокинон  пешниҳодро ҷонибдорӣ карда, иброз доштанд, ки  иқдоми неки ҳизбиён давоми сиёсати  оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда,  барои ободиву шукуфоии  Ватан саҳми муносиби худро мегузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg