БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Намоиши ҳунарҳои мардумӣ бозгӯи тақвияти робита бо маҳал аст

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Темурмалик ва ҷиҳати ҳарчи бештар тақвият бахшидани робита бо маҳал дар деҳаи Савдаи  ҷамоати деҳоти Кангурт вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  баргузор гардид. Ин мулоқот ҳамзамон ба давраи омодагиҳои ҳамаҷиҳата ба пешвози ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад. Аз ҳамин хотир раиси ноҳия Аслзода Эмомиддин  Муҳриддин низ дар ин мулоқот иштирок дошт. Зимни баргузории вохӯрӣ  нахуст раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҷабзода Маҳмадсаид оид ба самтҳои    афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ кард. 

Вакили ҷамоат Раҷабов Миралӣ, вакилони ноҳиявӣ Файзова Чинигул ва Салимзода Алихон вобаста нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли таквитяи робита бо маҳал, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаҳои худро баён карданд.

Сипас, бо иштирок ва фарогирии зиёда аз 150 нафар ҳунармандону кишоварзони  моҳири маҳалла намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсули дастони кишоварзон дар сатҳи баланд ташкил  карда  шуд, ки  масъулин ба намоиши ҳунарҳои мардумӣ  ва дастовардҳои кишоварзони маҳал  воқеан ҳам шукӯҳманду хотирмон буд, баҳои баланд доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg