БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Истиқболи сазовор аз тантанаҳои соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар маҳал

ВОСЕЪ. Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мусоидат намудан дар рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои халқӣ ва дар рӯҳияи ифтихори миллӣ тарбия намудани наврасону ҷавонон дар деҳаи Ҳамидободи ҷамоати деҳоти ба номи М.Вайсов  чорабинии фарҳангию сиёсӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ  бо сокинон  муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Шаҳноза Раҷабова оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҳизбӣ суханронӣ намуда, қайд кард, ки Тоҷикистони азизи мо биҳишти воқеии рӯи замин, кишвари ганҷҳои нокушодаву табиати Худодод аст. Бинобар ин, моро зарур аст, ки барои рушди босуботи иқтисодиёт, ҳифзи дастовардҳои нодири он - Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати комили миллӣ насли наврасро  дар рӯҳияи худшиносию худогоҳии миллӣ  ҳидоят намоем.

Ҳамзамон, дар чорабинии имрӯза вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Ҳамидов Ҳикматулло оид ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирӣ аз хатарҳои терроризму экстремизм ва хизмат дар сафи Артиши миллӣ суханронӣ намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg