Ҷ.БАЛХӢ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар доира и нақшаи тасдиқгардида дар самти шинохти фарҳанги миллӣ дар маҳаллаи Уртабузи ҷамоати деҳоти Узун бо сокинони деҳот бо як ҳисси баланди миллӣ чорабинии фарҳангиро баргузор намуд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдулҳаев Маҳмадсаид баромад намуда, афзуд, ки ҳунарҳои миллӣ натанҳо меъроси таърихиву бадеӣ, балки қисми муҳими фарҳангӣ- маънавии замони муосир маҳсуб меёбанд.
Дар чорабинии мазкур ҳамаи сокинон саҳми босазои худро гузоштанд. Аз ҷумла ҷавондухтарон низ бо нақшу нигори чакандӯзӣ, арӯс бо либоси миллӣ, қуроқдӯзӣ, мӯйбофӣ, занони рӯзгордида бошад, бо пухтани хӯрокҳои миллӣ, шакароб, қурутоб, отала, қалама ва намоиши ҳунарҳои миллӣ, ки аз бобову бибиҳо ба мерос мондаанд, бо рақсу сурудҳои дилнишин дар баргузории чорабинӣ ҳусни тоза зам карданд.